ХУФАР ва хуфариён
470 subscribers
170 photos
114 videos
72 files
79 links
маърифӣ-маданӣ
Download Telegram
Дерест, ки дилдор паёме нафиристод,
Нанвишт саломеву каломе нафиристод.
Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон
Пайке надавониду саломе нафиристод.
Сӯи мани ваҳшисифати ақлрамида,
Оҳуравише, кабкхироме нафиристод.
Донист, ки хоҳад шуданам мурғи дил аз даст
В-аз он хати чун силсила доме нафиристод.
Фарёд, ки он соқии шаккарлаби сармаст
Донист, ки махмураму ҷоме нафиристод.
Чандон, ки задам лофи каромоту мақомот,
Ҳеҷам хабар аз ҳеҷ мақоме нафиристод.
Ҳофиз, ба адаб бош, ки вохост набошад,
Гар шоҳ паёме ба ғуломе нафиристод.
Ҳофзи Шерозӣ.
Илоҳӣ, он даме ки мебарорӣ аз бадан ҷонро,
Нигаҳ дорӣ зи хавфи хотима ин нури имонро.
Ба даргоҳат тиҳидасту хиҷил рӯ карда ночоре,
Тараҳҳум кун ба фазли худ хиҷолатманд меҳмонро.
Агарчанде сияҳ шуд номаҳо аз касрати исён,
Ба ҷӯш овар барои шустушӯ дарёи ғуфронро.
Умед аз сояи чатри карам дорад сарам рӯзе,
Агар тобӣ ба фарқи оҷизон Хуршеди тобонро.
Бувад вирди забонам нафйи “ло”, исботи “иллаллоҳ”,
Ба ҳаққи афзали зикрат гарон кун вазни мизонро.
Ба ҷону дил дар ин ҷо ошиқонро дӯст медорам,
Масозӣ аз дили решам ҷудо он ҷо муҳиббонро.
Ба завқи ҷуръа ошиқ дар ду олам зиндагӣ хоҳад,
Чу булбулҳо барои васл созад сайр бӯстонро.
Ки дорад рӯйи ҷонон сад ҳазорон чашми қурбонӣ,
Сазад ин карбало бар ҷон нишони рӯйи ҷононро.
Ҷунун, дасти тиҳӣ гарчи сафар дорӣ ба даргоҳаш,
Бихон “ло тақнату”, уммеди дил кун фазли Субҳонро.

Мавлавӣ Ҷунунӣ
Ранҷидаву ранҷондаем, ранҷондаву ранҷидаем,
ранҷидаҳо, ранҷондаҳо, як соли умри мо гузашт...
Шабе, эй шамъ, дар оғуши мо ҷо метавон кардан,
Чу гул дар гулшани мо синаро во метавон кардан.
Чаро як раҳ назар бар ҳолам, эй гулруҳ, намесозӣ?
Баҳор омад, гулистонро тамошо метавон кардан.
Дукон во карда дар бозор муҳтоҷи харидорем,
Матои камбаҳо дорем, савдо метавон кардан.
Зи ҷӯйи шир омад раҳнаҳо дар Бесутун пайдо,
Ба нармӣ кӯҳро аз ҷой беҷо метавон кардан.
Қадаҳро то кай, эй соқӣ, ниҳон дар остин дорӣ?
Гаҳе сӯйи ҳарифон даст боло метавон кардан.
Дари гулзорро, эй боғбон, то чанд барбандӣ?
Ба ҳоли андалебон гоҳ парво метавон кардан.
Ба ашки сурху ранги каҳрабои Сайидо бингар,
Лаболаб доман аз гулҳои раъно метавон кардан.

Муаллиф: Сайидои Насафӣ
Куҷо рафтӣ зи оғӯши тамошо, эй нигори ман?
Нигаҳ фаввораи хун шуд ба чашми интизори ман!
Ба ҳолам ҳар кӣ андозад назар, хомӯш мегардад,
Ба санги сурма паҳлу мезанад санги мазори ман.
Ба рақс овард, чун Фарҳоду Маҷнун кӯҳу саҳроро
Гули дори ҷунуни ман, насими лолазори ман.
Чӣ рӯйи оташин аст он, чӣ кади шуълахез аст ин?
Шарори хирмани барқи ман, оғушу канори ман!
Лаби лаълат, сари кӯят, хати сунбул харидорат,
Шароби бехумори ман, биҳишти ман, баҳори ман!
Туӣ дармони дарди ман, табиби Сайидои ман,
Матои хонумони ман, чароғи рӯзгори ман.

Муаллиф: Сайидои Насафӣ
Аз дили зорам нафас маъюс меояд бурун,
Бӯйи шамъи кушта з-ин фонус меояд бурун.
Дар гулистоне, ки гардад гулруҳи ман ҷилвагар.
Сабзааш ҳамчун пари товус меояд бурун.
З-остини шохи гулҳои чаман вақти хазон
Ҷойи ҳар барге кафи афсӯс меояд бурун.
Нашъаи май оқибат девонагӣ ёд оварад,
Рафта-рафта ошиқ аз номус меояд бурун.
Шамъи рухсори кӣ имшаб хона равшан мекунад?
Мурдаи парвона аз фонус меояд бурун.
Бонги ҳастӣ хушкмағзонро садои реҳлат аст.
Нолаи воҳасрато аз кӯс меояд бурун.
Мунъимони аҳди мо ҳар ҷо, ки манзил мекунанд,
Аз замин Қорун пайи побӯс меояд бурун.
Сайидо, бо ин фиғон гар по гузорам сӯйи дайр,
Пеши по аз нолаам ноқус меояд бурун.

Муаллиф: Сайидои Насафӣ
Чашм то пӯшидаам аз орзуи хештан,
Бастаам чун ғунчаи гул дар ба рӯи хештан.
Дидаам то печутоби косаи гирдобро,
Мебарам холӣ аз ин дарё сабӯйи хештан.
Сар ба саҳро мезанам, то ёбам аз Маҷнун нишон,
Гирдбодам, меравам дар чустуҷӯйи хештан.
Еди умри рафта аз ҳам рехт аъзои маро,
Меравам чун барги гул дунболи бӯйи хештан.
Кардаам чун шамъ аз хомӣ сари худро сафед,
З-ин надомат мезанам оташ ба мӯйи хештан.
Ҷуғзаму вайронаам бошад ҳисори офият,
Пой нагзорам дигар берун зи кӯйи хештан.
Меравам дар хонаи оина бар дафъи малол,
Менишинам бетакаллуф рӯ ба рӯйи хештан.
Рӯзу шаб танпарварон саргаштаи нафси худанд,
Осиё бошад гирифтори гулӯи хештан.
Ҳомии оташзабони дасти худро, Сайидо,
Мекашам чун мил дар чашми адуи хештан.

Муаллиф: Сайидои Насафӣ
То кай чу гул нишинам, дар хун тапида бе ту,
Хорам шикаста бар по, дастам бурида бе ту.
Бе рӯйи ту нигоҳам, сайдест захмхӯрда,
Мижгон бувад ба чашмам тири хазида бе ту.
Аз бӯйи сандал ояд, дарди сарам ба фарёд,
Аз ёди сурма афтад хокам ба дида бе ту.
Барги хазон ба рӯям силизанон нишаста,
Эй гул, биё, ки умрест рангам парида бе ту.
Аз банди интизорӣ бигдохт ҷисми зорам,
Бар киштзори сабрам офат расида бе ту.
Сарриштаи умедам аз дасти ғам гусиста,
Пероҳани ҳаётам бар тан дарида бе ту.
Бар зонуи таффакур дорам сари иродат,
Дар зери бори кулфат пушатм хамида бе ту.
Чун, Сайидо, надорам бо хеш ошноӣ,
Гардам ба шаҳру саҳро аз худ рамида бе ту.

Муаллиф: Сайидои Насафӣ
Меравам дар боғу сар дар пойи сунбул мекунам,
Умрро чун шона сарфи зулфу кокул мекунам.
Менависам аз чаман бо он гули рӯ номае,
Хомаи таҳрир аз минқори булбул мекунам.
Даст аз ҷоншустаро аз сели бепарво чӣ ғам?
Хоби осоиш ба зери сояи гул мекунам.
Нест ҳоҷат зоди роҳ аз хеш берунрафтаро,
Гирдбодам, по ба домони таваккул мекунам.
Ғунчаи ҳуснам, Сайидо, умрест дар боғи ҷаҳон,
Андалебе гар ба сарвақтам расад, гул мекунам.

Муаллиф: Сайидои Насафӣ
Хоки Маҷнун дод то бар бод оҳи сарди мо,
Хоҳад омад хонахез акнун ба саҳро гарди но.
Каҳрабо дар дасти мо кай метавонад об рехт?
Мекашад беобрӯйӣ пеши ранги зарди мо.
Кӯҳ хоҳад ҷаст ҳамчун набзи беморон за ҷо,
Гар ба пушти ӯ гузорад бори худро дарди мо,
Лашкари мо – хоксоронро ба чашми кам мабин,
Шаҳсаворе ҳаст пинҳон дар миёни гарди мо.
Сайидо, бо дардмандони диёри маърифат,
Ашки сурху чеҳраи коҳест роҳоварди мо.

Муаллиф: Сайидои Насафӣ
Бо камоли эҳтирому фараҳмандӣ Шуморо бо фарорасии соли нави мелодӣ сидқан шодбош гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори саршор аз саодату сарфарозиҳо, бахту иқболи баланд, сарбаландию пирӯзиҳо ва дар фаъолияти рӯзмарраатон баҳри татбиқи ғояҳои наву олии эчоди, бунёдкорию созандагӣ комёбӣ орзу менамоям.
Бигзор соли нави мелодӣ ба кошонаи Шумо ва ҳама пайвандонатон бахту иқбол ва саодати бепоён эҳдо намояд.
Пирӯзиву некномӣ ҳамеша ҳамқадами Шумо бошад.
Шабакаи
Ҳақи модар

Дар замони ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) саҳобае бо исми Алкама буд, ки дар ибодат машҳур буд. Бистарӣ шуд. Саломатияш хуб набуд. Рӯзе аз Алкама хабар омад. Вазъи саломатии Алкама лаҳза ба лаҳза вазнин мешуд, аммо рӯҳашро таслим карда наметавонист. Калимаи шаҳодатро зикр кардан барояш душвор буд. Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳолати маънавии Алкамаро аз саҳобаҳо пурсид. Саҳобаҳо ҷавоб доданд, ки ибодатҳояшро ба ҷо меовард. Он вақт Расулуллоҳ (с.а.с.) амр намуд, то модари Алкамаро наздаш биёранд. Модари Алкамаро назди Расулуллоҳ (с.а.с.) оварданд. Расулуллоҳ (с.а.с.) аз модари Алкама пурсид:
- Модар! Аҳволи Алкама чӣ гуна буд? Ибодаташро ба ҷо меовард? Чӣ айбе дошт? Ягон айбе дошт, магар?
Модар ҷавоб дод:
- Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама ибодатҳояшро адо мекард, аммо ман аз ӯ ранҷида будам. Ҳамсарашро аз ман боло медонист. Хоҳишҳои маро ба ҷо намеовард.
Пас, аз шикояти модар, зикр накардани калимаи шаҳодати Алкама маълум шуд. Барои ҳали ин масъала, бояд, ки модар ҳақашро ҳалол бикунад. Модар нияти бахшидани фарзандро надорад. Пайғамбар (с.а.с.) амр кард, то ин ки чӯб биёранд ва оташ зананд. Модар сабаби оташ карданро пурсон шуд. Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуд:
- Нафаре, ки дили модарашро меранҷонад , осӣ мегардад ва ҷазои он сӯзондан аст. Ӯро бо оташ месӯзонам.
Дили модар тоқат накард ва гуфт:
- Ё Расулуллоҳ (с.а.с.) фарзанди ҷигарпораамро месӯзонӣ?
Расулуллоҳ (с.а.с.):
- Албатту месӯзонам, зеро ту ҳам то он вақте, ки ҳақатро ҳалол накунӣ дар ҷаҳаннам месӯзад. Пеш аз он, ман месӯзонам.
Модар:
- Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Ман ҳақамро ҳалол кардам.
Расулуллоҳ (с.а.с.):
- Рафта бубинед, ки аҳволи Алкама дар чӣ ҳолат аст?
Рафта омаданду чунин гуфтанд:
- Ё Расулуллоҳ (с.а.с.)! Алкама калима шаҳодатро зикр дорад.
Бале, Алкама калимаи шаҳодатро такрор ба такрор бигуфту рӯҳашро таслим кард.
***
Набояд фаромӯш кард, ки пас аз ибодату итоати Аллоҳ Таъоло, итоат ба волидайн меояд. Аллоҳ Таъоло дар сураи Исра ояти 23 фармудааст:
"Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй. Ҳаргиз ба сӯи волидайн «уф» магӯ. Ҳаргиз зикр макун, ки аз хизмати волидайн хаста шудаӣ."
Баъзе аз бузургон аз қабили Увайси Қаранӣ аз оиладоршавӣ канора ҷӯст, зеро андешаи онро кард, ки шояд аз сабаби ҳамсарам дар эҳтироми модарам костагӣ меорам.
Ҷавонӣ рафт
Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт,
Чӣ ҳаз аз лаъл, эй шӯхи бадахшонӣ, ҷавонӣ рафт.

Чи донову чи зебову чи ҷӯё буд, аммо зуд
Ба нодонӣ, ба ҳайронӣ, ба сарсонӣ ҷавонӣ рафт.

Ниҳоли гул фитод аз по, умеди бехазонӣ мурд,
Хазонрез омад овони гулафшонӣ, ҷавонӣ рафт.

Дилам аз ларзиши ҳар сина андар сина меларзид,
Куҷо он синаю он синаларзонӣ? Ҷавонӣ рафт.

Гузашт он лаҳзаи ширин, шикаст он косаи заррин,
Куҷо он косаю он косагардонӣ? Ҷавонӣ рафт.

Бигуфтӣ талху дарди номаҳои сӯзнокамро
Хати бутлон задӣ, ширини хатлонӣ, ҷавонӣ рафт.

Бирезанд ахтарон аз осмон бар хок, боке нест,
Ки бо оҳу дареғову пушаймонӣ ҷавонӣ рафт.

На дарё хушк шуд, на махзанеро раҳзане бирбуд,
Ҷавонӣ рафт, эй сабзина, медонӣ? Ҷавонӣ рафт...

Лоиқ Шералӣ
24.11.1996 – Душанбе
Guft Ki Hardu
Tahmina Niyazova
Гуфтам: "Малакӣ ё башарӣ?" - Гуфт, ки ҳар ду.
"Кони намакӣ ё шакарӣ?" - Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: "Ба латофат гулӣ, эй сарви қабопӯш,
Ё найшакарӣ ё гуҳари?" - Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: "Ба лаби лаълу хати сабзи равонбахш,
Оби Хизирӣ ё хазарӣ?" - Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: "Ба ҷабине, ки ба он рӯй тавон дид,
Ё оинаӣ, ё қамарӣ?" - Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: "Дили моӣ, ки надонем, куҷоӣ,
Ё дидаи аҳли назарӣ?" - Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам, ки ба як ишва рабоӣ зи сарам ақл,
Ё ҳуши ман аз тан бубарӣ? - Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: "Зи Камол ту чунин бехабару бас,
Ё худ зи ҷаҳон бехабарӣ?" - Гуфт, ки ҳар ду💠
✍️ Камоли Хуҷандӣ!
АЗ "ДЕВОНИ ҲОФИЗ"
(Ғазали-9)

Дар вафои ишқи ту машҳури хубонам чу шамъ,
Шабнишини кӯи сарбозону риндонам чу шамъ.
Рӯзу шаб хобам намеояд ба чашми ғампараст,
Баски дар бемории ҳаҷри ту гирёнам чу шамъ.
Риштаи сабрам ба миқрози ғамат бибрида шуд,
Ҳамчунон дар оташи меҳри ту сӯзонам чу шамъ.
Гар кумайти ашки гулгунам набудӣ гармрав,
Кай шудӣ равшан ба гетӣ рози пинҳонам чу шамъ?
Дар миёни обу оташ ҳамчунон саргарми туст,
Ин дили зору низори ашкборонам чу шамъ.
Дар шаби ҳичрон маро парвонаи васле фирист,
Варна аз дардат ҷаҳонеро бисӯзонам чу шамъ.
Бе ҷамоли оламорои ту рӯзам чун шаб аст,
Бо камоли ишқи ту дар айни нуқсонам чу шамъ.
Кӯҳи сабрам нарм шуд чун мум дар дасти ғамат,
То дар обу оташи ишқат гудозонам чу шамъ.
Ҳамчу субҳам як нафас боқист бе дидори ту,
Чеҳра бинмо, дилрабо, то ҷон барафшонам чу шамъ.
Сарфарозам кун шабе аз васли худ, эй нозанин,
То мунаввар гардад аз дидорат айвонам чу шамъ.
Оташи меҳри туро Ҳофиз, аҷаб дар сар гирифт,
Оташи дил кай ба оби дида биншонам чу шамъ?

Ҳофиз Шерозӣ
https://t.me/shmhofiz
Ба канал хамрох шавед!
👆👆👆👆👆
АССЛОМУ АЛАЙКУМ МУШТАРИЁНИ АЗИЗИ ГУРУҲИ "ХУФАР ВА ХУФАРИЁН" ЧАНД БОР ХОҲИШ НАМУДАМ,КИ ДАР ГУРУҲ ФАҚАТ ДОИР БА РАСМУ ОИНУ ТОРИХУ МАДАНИЯТИ ХАЛҚАМОН МАВОДҲО ҶОЙГИР НАМОЕМ! БО ЗАБОНИ НОБИ ХУДАМОН! АЛҲАМДИЛУЛЛОҲ ҲАММААМОН МУСУЛМОН ҲАСТЕМ АММО ИН ҶО МАСЪАЛАҲОИ ДИНИРО ТАРҒИБ НАМУДАН ХУБ НЕСТ! ЗЕРО ДАР НАЗОРАТ ҲАСТЕМ! ИНРО ЧАНДИН БОР БА МАН ЁДРАС НАМУДАНД! МАРҲАМАТ, КИ ХОҲАД ХУДАШ ГУРУҲЕ КУШОДА ЧӢ МЕТАВОНАД ОН ҶО ГУЗОРАД , ҲЕЧ КАС ЗИД НАМЕШАВАД, ЛЕК БА ҚОИДАҲОИ ГУРУҲИ МО БОЯД ҲАМА РИОЯ НАМОЯНД. МАВОДҲОРО БА АДМИНҲО ФИРИСТЕД. ЛОИҚ, КИ ДОНИСТАНД МЕГУЗОРАНД. САЛОМУ АЛЕЙК ВА ҲОЛПУРСИҲОРО ДАР ЧАТИ ШАХСӢ НАВИСЕД(ЛИЧКА). ВАҚТИ ГУЗОШТАНИ НАМОЗРО МАН ХУДАМ МЕГУЗОРАМ, ДИГАР МАСЪАЛАҲОРО , БОРИ ДИГАР ИЛТИМОС , КИ ИН ҶО НАГУЗОРЕД. ШЕЪРУ СУРУД, ҲАНГОМАВУ ВОҚЕЪАҲОИ НАЗАРРАСИ ХУФАРИЁН. РАСМУ ОИНИ НИЁГОНАМОН БОШАД МАРҲАМАТ ЗИД НЕСТЕМ!
Forwarded from SARIOSIYO_UZ
Сӯфи Оллоҳёр жомеъ масжидида намоз вақтлари:

Бомдод: 07.00
Пешин: 13.00
Аср: 16.00
Шом: 17.40
Хуфтан: 19.15

Kanalga qo'shilish 👇
https://t.me/Sariosiyo_tumani
МУАЛЛИМ МИСЛИ ЗАНБӮРИ АСАЛ АСТ

Донишҷӯён:
- Муаллим, мо дарси шуморо хуб мефаҳмем, бо тамоми вуҷудамон гӯш мекунем, интизори дарси ояндаем. Аммо агар мо китобро хонем, ҳамон лаззати дарси шуморо эҳсос нахоҳем кард, - гуфтанд онҳо.
Муаллим:
- Занбӯрҳо асалро аз чӣ мегиранд?- пурсид аз шогирдон.
- Аз шарбати гул.
- Оё шумо гул хӯрдаед, чӣ гуна мазза дорад?
- "Албатта, онҳо талхиро мечашанд"- гуфтанд онҳо.
Муаллим гуфт:
- Дар бораи додани дониш низ айнан ҳамин тавр аст.
Муаллим аз бисёр манбаъҳо дарс меомӯзад ва шарбати онҳоро мисли асали тайёр ба шогирдонаш тақдим мекунад », - гуфт ӯ.