ХУФАР ва хуфариён
477 subscribers
170 photos
114 videos
72 files
79 links
маърифӣ-маданӣ
Download Telegram
Forwarded from Deleted Account
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Forwarded from Parviz Fattoyev (Admin 93.1067711)
Ba guro’hi barnomai “TayyorMAN” ki istehsoli komponiyai OOO “Fattoyev XUFARI GROUP” ast a’zo shaved⬇️⬇️⬇️

https://t.me/tayyorman_my5

https://t.me/tayyorman
ПАНДИ РӮЗ

Он кас, ки бидонад ва бихоҳад, ки бидонад,
Худро ба баландии саодат бирасонад.
Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад,
Аспи шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад.
Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад,
Бо кӯзаи об аст, вале ташна бимонад.
Он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,
Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.
Он кас, ки надонад ва бихоҳад, ки бидонад,
Ҷону тани худро зи ҷаҳолат бираҳонад.
Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.
Он кас, ки надонад ва нахоҳад, ки бидонад,
Ҳайф аст чунин ҷонваре зинда бимонад....

Ибни ЯМИН
ТИЛФОН АҶАЛИ МАН
***
Чун ҳамсари ман рўзу шаб андар бағали ман,
Тилфон аҷали ман.
Маъшуқаи ман, ҳамнафаси ман, асали ман,
Тилфон аҷали ман.

Бо ин ҳама таъкид фитодем ба домаш,
Гаштем ғуломаш,
Ку ҳӯши худододаву ақли азали ман,
Тилфон аҷали ман.

Мағзу асабам мавҷ гирифтасту хароб аст,
Бисёр азоб аст,
Ин аст яқин иллати феъли дағали ман,
Тилфон аҷали ман.

Ҳар кор кунам дасту дилам банд ба тилфон,
Ҳӯшам ҳама бар он,
Бисёр хатарнок шудаст ин касали ман!
Тилфон аҷали ман.

Тилфони муосир шуда ҳам мӯш ва ҳам гӯш,
Ҷосусаки хомӯш,
Дар ҳар қадаму ҳар сухану ҳар амали ман,
Тилфон аҷали ман.

Не хилвату не узлату не ишрату не хоб,
Корам ҳам гирдоб.
Ку роҳату ку зиндагии бехалали ман,
Тилфон аҷали ман.

Хоҳӣ, ки шавӣ бандаи бадбахт ба тилфон,
Бемору пушаймон,
Обуна шав, обун шав андар канали ман!
Тилфон аҷали ман.

Ҳам мўи сарам рехт ва ҳам мижаи чашмам,
Бисёр ба хашмам,
Аз дидаи бенуру сари тоси кали ман,
Тилфон аҷали ман.

Фарёд, ки сармояву вақтам ҳамагӣ мурд,
Тилфон ҳамаро хўрд,
Худкуштани худ нест магар ин ҷадали ман?
Тилфон аҷали ман.

Гар бар ту азиз аст пулу вақту тану ҷон,
Бигрез зи тилфон,
Ҳаҷв аст, вале рост бувад ин ғазали ман,
Тилфон аҷали ман.

Абдуллоҳи Раҳнамо
Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо.
Зода меҳнатзода, меҳнатзода мемирем мо.
Зиндагӣ ҳарчанд гирдоби мураккаб метанад
Сода - сода зиста ҳам сода мемирем мо.
Маҷмаи айбу гунаҳ будем агар дар зиндагӣ,
Бо ҳама айбу гунаҳ озода мемирем мо.
Мастии мо ҳастии мо буд, на пастии мо
Соғаре бинем агар, бебода мемирем мо.
Дигарон ҷон дода мемиранд аз дасти аҷал
То маҷоли вопасин дил дода мемирем мо
Мисли марди қуллапаймое ки маргаш қулла аст,
Аз баландии сухан афтода мемирем мо.
✍️ Лоиқ Шералӣ
Имшаб канори чархи ту соҳибҷамоли кист ?
Дар осмони шафкатат абрӯҳилоли кист ?
Ин чашмае, ки мехамад,оби зулоли кист?
Бар номи аҳли хокият хатти заволи кист?
Дар кунҷи савмаъа, кунун, созу навои ман
Арғушти ҷому бода, бин, андар ҳавои ман,
Андар сабӯи дидаам, ашки вафои ман ,
Дар пушти абри хотирам , моҳи ҳилоли кист?
Некӯӣ себи чаннату нахли савоби туст?
Дунёи олимаҳзаре, пушти ниқоби туст ,
Фардо ба зери хоки гӯр, тарси ҷавоби туст,
Пас шони орзуи ман, хобу хаёли кист?
Ин мурдаҳои пораи қисмат, табори ман ,
Мурдан ҳақ аст ,бандагӣ бошад шиори ман,
Дидори бемисоли ту, бошад қарори ман ,
Андар мазори хуфтагон,аҳли аёли кист?
Ҳури биҳишту Кавсару ризвон азони туст,
Шаҳди лабону ишваи ҳурон азони туст ,
Амволи бехиёнати ёрон азони туст ,
Ман кӯзаи шикастаам, хокаш кулоли кист?
Дарвозаҳои бастаи дунё, азони ман ,
Даймоҳи қуллагустари сармо азони ман.
Дашти фироқу сӯзиши гармо азони ман,
Ин қасру гулшану чаман,ҷоҳу ҷалоли кист?
Мактуби охарини ман , ёро ба номи туст ,
Ҳарфи мусаввари дилам арзи саломи туст ,
Пайдовари накӯдили шайдо, ғуломи туст ,
Пайдоваре, ки ошиқ ў, побанди ҳоли кист ?
Шараф Пайдовар Умарзода
24.12.2020.
БА СӮИ МУҲАББАТ
Бори дигар ба сӯи муҳаббат руҷӯ кунем,
Бо вожаҳои сабз ба ҳам гуфтугӯ кунем.
Дар кӯчаҳо саломи намозӣ ба ҳам диҳем,
Бори дигар ба атри муҳаббат вузӯ кунем.
Гар дар тавони мо амалу кори нек нест,
Дар боби ҳам накӯст, ки фикри накӯ кунем.
Дар ин кавири хушк касе ёри мо нашуд,
Дар сояи муомилаи ҳам нумӯ кунем.
Моро касе бародару ёвар намешавад,
Чун такягоҳ ҷониби ҳам боз рӯ кунем.
Аз чор сӯй фитнаи душман нишастааст,
Вақти сухан мулоҳизаи чор сӯ кунем.
Эй ишқ, эй ниҳояти эҳсоси растагон,
Рўзи ҳулули сабзи туро орзу кунем.
Бори дигар ба сӯи муҳаббат руҷӯ кунем...

Абдуллоҳи Раҳнамо
Forwarded from ЗАКОВАТ via @like
#ИҚТИБОС

Ин замон дар авҷи кайҳон хона созанд одамон,
Дар куҷои ҷумла вергул мондани мо ҳал нашуд.

© Хушрӯзи Ҷамолиён
Сариосиё туманидаги 9-сонли таянч мактабида навбатдаги Физика фани семенарида PISA-Халқаро тадқиқотларига тайёргарлик кӯриш максадида "SPAGETTI-макарондан кӯприк ясаш" мусобақаси ташкил этилди.Унда тумандаги умумтаълим мактаблари физика фани ӯқитувчилари ва ӯқувчилари иштирок этишди.Тадбир давомида физика фанига оид саволлардан иборат бӯлган "Ким миллионер бӯлишни истайди?" интеллектуал ӯйини ӯтказилди. Ғолиблар диплом ва пул мукофотлари билан тақдирландилар.
Ҳам масҷиду, ҳам Каъбаву, ҳам қибла баҳонаст,
Диққат бикунед нури Худо дар дили хонаст.
Дар масҷиду дар Каъба ба дунболи чӣ ҳастӣ?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ?
Ингуна чаро дар паи исботи Худоем,
Ҳамсояи мо гушнаю мо сер бихобем.
Дар хилқати мо розу муамои Худо чист?
Инсон худаш оинаи як Каъба магар нест?
Бархезу каме Каъбаи омоли худат бош,
Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош.
Тасвири Худо пушти ҳамин куҳнаниқоб аст,
Тасвири Худо возеҳу чашмони ту хоб аст.
Шояд, ки буте дар васати зеҳни ману туст,
Бояд бути худ бо нами борони Худо шуст.
Гӯи, ки Худо дар бадану дар танамон ҳаст,
Наздиктар аз хуну раги гарданамон ҳаст.
Mawlana Rumi
Аз гуруҳи фейсбукӣ гирифта шуд
Субхатон ба хайр! Дустони фархангдусти гурух! Биеед аз вожахои гумшуда рафтаистодаи хуфариена едовар шавем ва эхе намоем!
Машкоб-шахсе ки ба даравгарон об меовард...
#Тезкор #Расман #Минг_афсус
❗️​​Ўзбекистонда коронавируснинг “британча штамм”и қайд этилди 😷

Минг афсуски, “COVID-19”нинг “британча штамм”и юртимизда ҳам илк бор қайд этилди.

10 ёшли пойтахтлик фуқаро Ш. (қиз бола) оила аъзолари билан биргаликда Бирлашган Араб Амирликларининг Дубай шаҳрига сафар қилиб, 2021 йилнинг 23 январь куни Тошкентга қайтган.

Батафсил👇🏻
https://telegram.me/joinchat/AAAAAFMkXee9vd0-mTxxag
❗️Ҳаммадан илтимос, санитария-гигиена қоидаларига риоя қилинг, албатта ниқоб тақинг, масофа сақланг, антисептиклардан фойдаланинг!

❗️БОЛАЛАРНИ АСРАНГ!