ХУФАР ва хуфариён
483 subscribers
170 photos
114 videos
72 files
79 links
маърифӣ-маданӣ
Download Telegram
Kuni kecha 27-fevral viloyatimizning(Termiz shahri)da bòlib òtgan Kempo MMA bòyicha viloyat ochiq chempionatida yosh chempionimiz Mehron Muzaffarov 60 kg vaznda òz raqibi(Andijonlik sportchi)ni maydonda(tatamida) maģlub etdi.Raqibi maģlubiyatini tan olmay,sportchimizni yana tatamiga chorladi.Òz kuchiga ishongan Mehron Muzaffarov uning chorlovini rad etmay,davraga chiqib raqibini yana bir bor yengdi.Òz maģlubiyatini tan olgan Andijonlik sportchi jahl bilan davrani tark etdi.Chempionimizga O'zbekiston Respublikasi Osiyo professional Kempo sport klub rahbari N.Jo'rayev "G'OLIBLIK KAMARI"ni taqdim etdi.
Дар ин замона ба ҳар баҳона на ту бимонӣ, на ман бимонам
"Дар ин замона ба ҳар баҳона на ту бимонӣ, на ман бимонам,
Насиби дилро зи дори дунё на ту ситонӣ, на ман ситонам.
Чу моҳвора ба осмонҳо кунем парвоз ба суръати нур,
Таҳи заминро, паси фалакро на ту бидонӣ, на ман бидонам.
Чи зуд рондем, ки зуд мондем, ба ҷони хаста дигар ба тундӣ
Ба дашти қисмат саманди навбат на ту биронӣ, на ман биронам.
Фиреби дунё, ғироми дилҳо битохт бар мо чу сели куҳҳо,
Гилеми худро кашидан аз об на ту тавонӣ, на ман тавонам.
Басо давидем ба ёди рӯе, басо фитодем ба хоки кӯе,
Кунун ба сӯе, ба ҷустуҷӯе на ту равонӣ, на ман равонам.
Ба гӯши ҷонон тарона хондем, зи бӯса бар лаб нишона мондем,
Чӣ шуд, чӣ омад, ки аз мусибат на ту бихонӣ, на ман бихонам?
Вуҷуди моро фигор карда, муҳаббат аз мо фирор карда,
Ки бори ғамро ба корвонҳо на ту кашонӣ, на ман кашонам.
Хурӯши мастӣ, ғурури ҳастӣ гузашта аз мо, кунун дареғо
На ту чунонӣ, на ман чунонам, на ту ҷавонӣ, на ман ҷавонам..."
Лоиқ Шералӣ, 18.11.1983
Ҳамсари подшоҳ девонаеро дид, ки бо
кӯдакон бозӣ мекард ва бо ангушт бар замин
хат мекашид.
👸Пурсид: чи мекунӣ?
👼Гуфт : хона месозам.
👸Пурсид: ин хонаро мефурӯшӣ?
👼Гуфт: бале мефурӯшам.
👸Пусид: қимати он чиқадар аст?
👼Девона як миқдор маблағе гуфт.
👸Ҳамсари подшоҳ фармон дод, ки он
маблағро ба ӯ бидиҳанд.
👼Девона пулро гирифт ва миёни фақирон
тақсим кард.
Ҳангоми шаб, подшоҳ дар хоб дид, ки вориди
Биҳишт шудааст, ба хонае расид; хост дохил
шавад, аммо ӯро роҳ надоданд ва гуфтанд:
-Ин хона барои ҳамсари туст...!!!
Рӯзи баъд подшоҳ моҷароро аз ҳамсараш
пурсид; ҳамсараш қиссаи он девонаро нақл
кард.
👲Подшоҳ назди девона рафт ва ӯро дид, ки
бо кӯдакон бозӣ мекунад ва хона месозад.
👲Подшоҳ пурсид: ин хонаро мефурӯшӣ?
👼Девона гуфт: бале мефурӯшам.
👲Подшоҳ пурсид: маблағаш чиқадар аст?
👼Девона маблағе гуфт, ки дар ҷаҳон
набуд.
👲Подшоҳ гуфт: ба ҳамсарам ба қиммати
ночизе фурӯхтаӣ !
👼Девона хандид ва гуфт: ҳамсарат нодида
харид ва ту дида мехарӣ! Миёни ин ду фарқи
бисёр аст.!!!

Арзиши корҳои хуб ба ин аст, ки барои
ризои Худо бошад, на барои муомила бо
Худо...!
Forwarded from Манучеҳри Миронӣ منوچهر میرانی
Дӯстон, то умр бошад, ҳар баҳор ошиқ шавед,
Бо нигоре дар ҷаҳони пурнигор ошиқ шавед.

Пилтаҳои кокули ёре агар бар бод рафт,
Бо ҷамолакҳои мӯи обшор ошиқ шавед.

Гар саре доред сабзу лоиқи дори баланд,
Бо баёзи гардани занҷирадор ошиқ шавед.

Гар диле доред лабрези ҷунуну иштиёқ,
Бо гули рухсораи доимбаҳор ошиқ шавед.

То қароре аз сипеҳри беқарор ояд ба даст,
Бо дили дӯшизагони беқарор ошиқ шавед.

Беканориҳои дунё то бигунҷад дар канор,
Бо канори дилбарони ҷоннисор ошиқ шавед.

То ба қадри зиндагию нақдҳои он расед,
Бар ҷабини пурғами санги мазор ошиқ шавед.

Гар набитвонед аз дарёи пуртӯфон гузашт,
Лоақал як бор бо мавҷи канор ошиқ шавед.

Мисли гул як бор дар субҳи ҷавонӣ бишкуфед,
Мисли ман ҳар дам ба ҳусни рӯзгор ошиқ шавед.

Гар чу ман хоҳед ҷустан чашмаи бахти сафед,
Зинҳор, эй дилсафедон, зинҳор ошиқ шавед
.


Лоиқ Шералӣ
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.

Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.

Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.

Зи рӯят нур меборад ба рӯйи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.

Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.

Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.

Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар...

Лоиқ Шералӣ.
Мавлуд.pdf
222.3 KB
Мавлуди Набӣ бо забони тоҷикӣ дар шакли китоб тайёр барои чоп
Киштие дар баҳр бори савдогаронро интиқол менамуд. Дар роҳ аз вазни бор киштӣ наздик буд ғарқ шавад. Соҳиби киштӣ ба савдогарон амр намуд, ки қисме аз бори худро ба баҳр партоянд ва интихоби борро ба худи савдогарон ҳавола кард.
Савдогарон ба хулоса омаданд, ки тамоми бори яке аз савдогаронро ба баҳр партоянд, зеро ӯ бори зиёд дошт ва савдогари нав буд. Вале он савдогар зиддият нишон дод. Савдогарон ба ғазаб омаданду ҳам худи ӯ ва ҳам борашро ба баҳр партофтанду роҳро давом доданд.
Савдогар болои чӯбе баромад ва муддате пас мавҷҳои баҳр ӯро ба ҷазираи беодам партофтанд. Он ҷо аз чӯбу хас хоначае дуруст кард ва аз меваҳои дарахтҳо зиндагии худро мегузаронд. Зиёд ибодат мекард, парвардигорро шукр мегуфт, ки зинда мондааст ва дуои наҷот мекард.
Чанд рӯз пас шамоли сахте вазид ва аз куҷое коҳи оташгирифтаро оварда, болои хоначаи сохтааш партофт ва он оташ гирифт. Чун ин ҳолро дид, заифии инсонияш боло гирифт ва фиғон кард:
- Эй Парваридигоро! Ман чӣ гуноҳ кардам, ки маро ба ин ҳол гирифтор кардӣ? Ҳамаи борам ғарқи баҳр шуд, худам наздик буд ғарқ шавам. Ҳоло дар ҷазираи беодам мондаам. Як хоначае доштам, ҳамон ҳам оташ гирифт?
Хеле ғамгин шуд ва аз шиддати ғаму гуруснагӣ хобаш бурд. Муддате пас аз садои инсонҳо бедор шуд. Чашм кушода дид, ки киштие назди соҳил истодааст ва барои наҷоти ӯ кӯмак карданист. Шод шуд ва шукри Аллоҳ намуд.
Чун савори киштӣ шуд, аз онҳо пурсид:
- Маро чӣ гуна дарёфтед?
Гуфтанд:
- Албатта, аз дуди он оташе, ки афрӯхтӣ. Хеле хуб кардӣ, ки бо дуд ба мо ишора кардӣ, вагарна аз куҷо медонистем, ки дар ин ҷазира инсоне ҳаст? Шояд ту аз он киштие халос шудӣ, ки чанд рӯз пеш ғарқ шуд?
Чун савдогар оид ба киштии ғарқшуда пурсон шуд, фаҳмид, ки он ҳамон киштиест, ки аз он савдогарон ӯро бо бораш ба баҳр партофта буданд.
Сар ба саҷда гузошту Аллоҳро шукри беадад гуфт, ки дар ин чанд рӯз ӯро се маротиба халос кардаст.
Аллоҳ ҳар кореро, ки барои банда тақдир мекунад, барояш хайр аст, хоҳ банда дарк намояд ва хоҳ на.
Агар ба мушкилиҳову мусибатҳо дучор шудаӣ, ғамгин машав, шояд он бароят раҳмат бошад.
ДУ ҒАЗАЛ

Ҳадафи тир чу гаштем, батадбир шудем,
З-оташи кӯра бурун омада, шамшер шудем.

Бол н-оварда ба сайри Маҳу Парвин рафтем,
Чун пару боли ҳавас рехт замингир шудем.

Гесуи силсиламӯён чу ба гардан бастем,
Даступобаста ба ин ҳалқаи занҷир шудем.

Ҷон ба каф аз пайи дидор давидем басе,
Нози ҷонона кашидему зи ҷон сер шудем.

Дили худ об намудем пайи дилёбӣ,
Кунун аз сангималоматхӯрӣ дилгир шудем.

Бо ҳама тезию тундию сабуксайрӣ кунун,
Рам нахӯрем дигар, оҳуи тасвир шудем.

Пайи сарсабзии ин даҳр ҷавонӣ додем,
Ноҷавонмардӣ басе дида, ҷавон пир шудем.

***
Лабташнаи ҷоми висол он ҷо туву ин ҷо манам,
Аз дасти ҳаҷр афтодаҳол он ҷо туву ин ҷо манам.

Ман дӯст медорам туро, шояд ту аз ман бештар,
Аммо дар ифшо бемаҷол он ҷо туву ин ҷо манам.

Парвоз месозад нигаҳ пинҳон миёни мову ту,
Паррандаи бишкастабол он ҷо туву ин ҷо манам.

Ҳамдил, ки будему чаро ҳастем мо аз ҳам ҷудо,
Мулзам ба шарҳи ин суол он ҷо туву ин ҷо манам.

Дур аз сари мо нурфишон то кай бувад хуршеди ишқ,
Бебаҳра аз авҷу камол он ҷо туву ин ҷо манам.

Оғӯши мо бе ҳамдигар сард асту холӣ то ба кай,
Қоматхамида чун ҳилол он ҷо туву ин ҷо манам.

Дар ин дурӯза зиндагӣ бо ҳам нагуфта рози дил,
Гирён ба ҳашр аз ин вубол он ҷо туву ин ҷо манам.

Дарёи умри мо равон азбаски гилолуда аст,
Армонии оби зулол он ҷо туву ин ҷо манам.

Абдуллоҳи РАҲМОН
@tjmetodist
Ҳар сухан ҷоеву....pdf
15.7 MB
Общий доступ 'Ҳар сухан ҷоеву....pdf'
БАХТИЁР ФАТТОЕВ
Имрӯз яке аз ҳамдеҳаамон ,инсони наҷиб Абдусамад Ҳамидов (Халилов) дунёи фониро падруд гуфтанд. Аз номи худам, оилаамон ва ҳамдеҳагон ба аҳли хонаводаашон ва алалхусус ба писарашон Рустамҷон ҳамдардӣ намуда аз худованди азза ва ҷалла ба онҳо сабри ҷамил металабам.
Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт,
Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Қолиб тиҳӣ созам агар зору ҳазин, ҷони падар,
Рав, беди маҷнунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Дар рӯи тобутам агар гулбаргафшонӣ кунанд,
Он шохи гулбонро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Ду дида Ҷайҳун доштам аз марги армонҳои халқ,
Рав, оби Ҷайҳунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Озори дунё дар дилам аз реги ҳомун беш буд,
Он реги ҳомунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Дил додаам, дил бурдаам, ҷоми паёпай хурдаам,
Он ҷоми ворунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал,
Рав, чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
@LoiqSherali1