KOMANDATJ
661 subscribers
2.74K photos
804 videos
1 file
96 links
Барои дустдорони футболи меҳан ва хориҷ. Инҷо обуна шавед ва аз бурду бохти футболи меҳан ва ҷаҳон бохабар шавед.

Канал оиди футболи тоҷик - @futbolvarzish

Admin - @komandatj_admin
Download Telegram
Кумитаи интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки зери роҳбарии Тоҳир Нурзода баргузор гардид, нисбати қоидавайронкунони бозиҳои зери васояти Лигаи футболи Тоҷикистон қарор баровард.

Аз ҷумла бозигари бошгоҳи “Хуҷанд” Нозим Бобоҷонов барои истифодаи суханҳои таҳқиромез нисбати шахсони расмии бозии «Хуҷанд» – «Файзканд» (2 июн), аз ҳаққи иштирок дар се бозӣ маҳрум шуда, дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Бозигари дастаи “Файзканд” Абдухалил Боронов барои истифодаи суханҳои таҳқиромез нисбати шахсони расмии бозии «Хуҷанд» – «Файзканд» (2 июн), аз ҳаққи иштирок дар ду бозӣ маҳрум шуда, дар ҳаҷми 250 сомонӣ ҷарима карда шуд.

#TFL #DisciplinaryCommittee #TFF
"Равшан"-и Зафаробод ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар охирон даври марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон имтиёзҳоро баробар тақсим карданд

#TajikistanFootballLeague #TajikistanLeague #TFL #CocaCola

@komandatj - футбол якҷоя бо мо
«Истиқлол» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022.

Дар бозии финалӣ вақти асосӣ ва изофӣ мусовӣ 2:2 ба анҷом расид. Дар силсилазарбаҳои 11-метра бошад дақиқтар бозигарори “Истиқлол” буданд.

#TFL #PariMatch #TajikistanFootballLeague #TajikistanCup