Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
1.53K subscribers
215 photos
6 videos
165 links
Сарояндаи зиндаёде, ки сурудҳояш дар дили мухлисонаш абадан ҷой гирифтааст.
Download Telegram
Эй ДУСТ биё биё, ки ночор манам ман,
Дар ҳасрати руи ту гирифтор манам ман.
Аз матлаб дидори ту дар чашми рақибон,
Бечоратар аз сурати девор манам ман.

Ғайри ту касам нест, ки гуям ғами дилро,
Беғайри ту аз зиндаги безор манам ман.
Баъд аз сари ман зинда ба олам ту бимони,
Шояд нафасе дони, ки даркор манам ман.

Дар фикри фаромушии ту бастам остин,
Дидам, ки тилисми ту чи бекор манам ман.
Иқболу таҷаллии туро рузу шаб он гоҳ,
Аз лутфи Худованд талабгор манам ман.

Эй ДУСТ зи бас руҳи равонию гиронқадр,
Бар хотири ту мояи озор манам, ман.
Эй кош ту аз ҷурми ман озурда набоши,
Зеро ба гунаҳои худ иқрор манам, ман.

https://t.me/gazaltj
Себе ба даруни чорбоғ аст имсол,
Сандуқи дилам пур аз фироқ аст имсол.
Гуфтам биравам себа канам сараки сол,
Ин соҳиби себ дар зери хок аст имсол.
***
Э, очаи ҷон, чиба калонам кардӣ,
Кӯза додиву ба об равонам кардӣ.
Аввал ба ширу қаймоқ калонам кардӣ,
Кӯзача шикаст, ситам ба ҷонам кардӣ.
***
Боми ҳама бому боми мо дар соя,
Ёри ҳама дуру ёри мо ҳамсоя.
Ҳаргиз-ҳаргиз ёри ҳамсоя нагир,
А пушти дараш очаш раҳ мепоя.
***
Қади ту ниҳолаю рухат чун лола,
Як лаҳза ҷудогият ба ман сад сола.
Қасам мехӯрам, агар ту бовар накунӣ,
Ин чеҳраи зарди ман гувоҳи ҳола.
***
Ман садқа шавам бунафшаи кӯҳира,
Ман садқа шавам ҷӯраи раҳдурира.
Ҳамиҷа будем ҷангу ҷадал мекардем,
Ҳоли мекашем ҷафои раҳдурира.
 
Аз китоби «Фолклори тоҷик». 

https://t.me/gazaltj