Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
1.51K subscribers
211 photos
5 videos
163 links
Сарояндаи зиндаёде, ки сурудҳояш дар дили мухлисонаш абадан ҷой гирифтааст.
Download Telegram
Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад,
Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад.

Барои ман магирию магӯ: Дареғ-дареғ,
Ба доми дев дарафтӣ, дареғ он бошад.

Ҷанозаам чу бибинӣ, магӯ: Фироқ-фироқ,
Маро висолу мулоқот он замон бошад.

Маро ба гӯр супорӣ, магӯ: Видоъ-видоъ,
Ки гӯр пардаи ҷамъияти ҷинон бошад.

Фурӯ шудан чу бидидӣ, баромадан бинигар,
Ғуруби шамсу қамарро чаро зиён бошад?

Туро ғуруб намояд, вале шуруқ бувад,
Лаҳад чу ҳабс намояд, халоси ҷон бошад.

Кадом дона фурӯ рафт дар замин, ки наруст?
Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад?

Кадом далв фурӯ рафту пур бурун н-омад,
Зи чоҳ Юсуфи ҷонро чаро фиғон бошад?

Даҳон чу бастӣ аз ин сӯй, он тараф бигшо,
Ки ҳой-ҳӯйи ту дар ҷавви ломакон бошад.
( Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ)

https://t.me/gazaltj
Саҳарам давлати бедор ба болин омад,
Гуфт: «Бархез, ки он Хусрави Ширин омад.

Қадаҳе даркашу сархуш ба тамошо бихиром,
То бибинӣ, ки нигорат ба чӣ оин омад?

Муждагонӣ бидеҳ, эй хилватии нофакушой,
Ки зи саҳрои Хутан оҳуи мушкин омад».

Гиря обе ба рухи сӯхтагон бозовард,
Нола фарёдраси ошиқи мискин омад.

Мурғи дил боз ҳаводори камонабруест,
Эй кабутар, нигарон бош, ки шоҳин омад.

Соқиё, май бидеҳу ғам махӯр аз душману дӯст,
Ки ба коми дили мо он бишуду ин омад.

Расми бадаҳдии айём чу дид абри баҳор,
Гиряаш бар суману сунбулу насрин омад.

Чун сабо гуфтаи Ҳофиз бишунид аз булбул,
Анбарафшон ба тамошои раёҳин омад.
(Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ)

https://t.me/gazaltj #Хофизишерози
Ишқат на сарсарист, ки аз сар бадар шавад,
Меҳрат на оразист, ки ҷои дигар шавад.
Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам
Бо шир дар дарун шуду бо ҷон бадар шавад.
Дардест дарди ишқ, ки андар илоҷи ӯ,
Ҳарчанд саъй беш намоӣ, батар шавад.
Аввал яке манам, ки дар ин шаҳр ҳар шабе
Фарёди ман зи ишқ бар афлоқ бар шавад.
Гар з-он, ки ман сиришқ фишонам ба Зиндарӯд.
Кишти Ироқ ҷумла ба якбор тар шавад.
Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор
Бар ҳайате, ки абр муҳити қамар шавад.
Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз бӯса», Гуфт: «не!
Бигзор то, ки моҳ зи ақраб бадар шавад!»
Эй дил, ба ёди лаъли вай ар бода мехӯрӣ,
Магзор, ҳон, ки муддаиёнро хабар шавад.
Ҳофиз сар аз лаҳад ба дар орад ба пойбӯс,
Гар хоки ӯ ба пои шумо пайсипар шавад.
(Ҳофизи Шерозӣ)

https://t.me/gazaltj
Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба Ту машғулу Ту ғойиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки Туро металабам хона ба хона.

Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди Ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туйӣ Ту,
Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона.

Чун дар ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами Туст,
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.

Хаёлии Бухороӣ

https://t.me/gazaltj
Қасида аз Авҳадӣ
Лофи дониш мезани, худро намедони чи сӯд?
Даъвии дил карда эй, чун ғофил аз ҷони чи сӯд?

Нафсро бирёну ҳалво медиҳи, Ӯ душманат,
Душманонро додани ҳалвову бирёнӣ чӣ суд?

Гар Худоро бандаи бигзор номи хоҷагӣ,
Пеши Ӯ чун сар ниҳоди, бозпешонӣ чӣ суд?

Номи худ Салмон ниҳоди, то мусалмон хонамат,
Чун намеварзи саломат, номи салмонӣ чӣ суд?

Рафта панҷоҳ солу ҳасрат мехури акнун, вале
Тир чун аз шаст берун шуд, пушаймонӣ чӣ суд?

Аспи чавгонӣ хариди, зин заринӣ сохти,
Чун нахоҳи бурд гове, аспи чавгонӣ чӣ суд?

Коре халқеро ба тадбири ту боз андохтанд,
Чун ҳама тадбири кори худ намедони чӣ суд?

Умру мол андар сари коре иморат кардаи,
Ин иморатҳо ки сар дорад, ба вайронӣ чӣ суд?
... давом дорад.
Қасида аз Авҳадӣ

https://t.me/gazaltj
Қасида аз Авҳадӣ
... давомаш

Мекуни дармони дарди мардум аз дониш, вале
Ин ҳама дармон дар он соат, ки дāрмони чӣ суд?

Номаи айби касон, гирам, ки бархони чу об,
Ними ҳарф аз номаи худ барнамехони чӣ суд?

Чанде пеш гуфти, ки дасти нек дорам дар ҳунар,
Бо чунин дасте чу дастомуз шайтонӣ чи суд?

Ҳар замон гӯйи: “К-аз ин пас пеш гирам ростӣ”
Ин ҳикоят худ бигуйи, лек натвони чи суд?

Беғараз касро нахоҳи дод ноне дар ҷаҳон,
Кафши меҳмон чун бихоҳи бурд, меҳмонӣ чӣ суд?

Аз барои суду зар ҷон дар миён андохти,
Чун намемониву ин зарҳо ҳама мони чӣ суд?

Қасида аз Авҳадӣ

https://t.me/gazaltj
Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад.
Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ,
К-аз дасти ғам ҳалоси ман он ҷо магар шавад.
Аз ҳар карона тири дуо кардаам равон,
Бошад, к-аз он миёна, яке коргар шавад.
Эй ҷон, ҳадиси мо бари дилдор бозгӯ,
Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад.
Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯйи ман,
Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад.
Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб,
Ё Раб, мабод он, ки гадо мӯътабар шавад.
Бас нукта ғайри ҳусн бибояд, ки то касе
Мақбули табъи мардуми соҳибназар шавад
Ин саркашӣ, ки кунгураи кохи васлрост,
Сарҳо бар остонаи ӯ хоки дар шавад.
Ҳофиз, чу нофаи сари зулфаш ба дасти туст,
Дам даркаш, ар на, боди саборо хабар шавад.

https://t.me/gazaltj
Эй акси рухат ҷон диҳад ойинаи дилро
чун муъҷизи Исо!
Тӯтӣ шуда ҳайрони суханҳои ту, ҷоно, бо он лаби гӯё!

То бо қади шамшод гузаштӣ суи гулшан, қумрӣ ба фиғон шуд,
Наргис пайи наззора шавад дида саропо аз баҳри тамошо.

Аз шарми ҷамоли ту шуда Юсуфи мисрӣ дар зовияи чоҳ,
Савдои ту доранд ба cap Вомиқу Азро, танҳо на Зулайхо!

Пироҳани гул дар чаман аз шавқи ту чок аст аз фурқати рӯят,
Хун баста дили ғунча зи лаъли ту ҳамоно чун бода ба мино!

Боди саҳар аз накҳати зулфат ба гулистон овард насиме,
Савсан ба забон таъна зад оҳуи Хиторо, з-он рафт ба саҳро.

Хизри хати ту дода ба райҳони адаб ноз аз қоидаи бӯ,
Дар кишвари хубӣ набувад, лолаъизоро, чун ту шаҳи воло!

То лашкари ҳусни ту ба тороҷ зи ҳар сӯ овард шабехун,
Чашм аз пайи ҷон бурдану рух аз паи яғмо дар мулки дили мо!

Туғрал ба хаёли сари зулфи ту асир аст, растан натавонад,
Занҷир бувад ҳар сари мӯ пои ҷунунро з-он зулфи мутарро!

(Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ)

https://t.me/gazaltj