Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
1.53K subscribers
218 photos
6 videos
169 links
Сарояндаи зиндаёде, ки сурудҳояш дар дили мухлисонаш абадан ҷой гирифтааст.
Download Telegram
Дар ғами дунё ба дунёбехабар бовар макун,
Эй сафарнодида ту бар навсафар бовар макун.

Дӯст бар сайри ҷаҳон хонад агар, бо ҷон бирав,
Душманат гӯяд баро то пушти дар, бовар макун.

То нарезад заҳр аз дандони мори куштаат,
Боз ҳам ҳушёр бош, аз ин зафар бовар макун.

Чун гувоҳи марги Сӯҳроб аст шамшери падар,
Дар набарди зиндагонӣ бар падар бовар макун.

Гар ба чашми дил набинӣ покии виҷдони кас,
Ҳеҷ гаҳ бар заррабини чашми сар бовар макун.

Тифлакон хобанд дар гаҳвораҳои чӯби бед,
Бедро гӯянд нахли бесамар, бовар макун.

Саидҷон Ҳакимзода

Дар ғами дунё ба ДУНЁБЕХАБАР...

https://t.me/gazaltj
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ,

Пеши ман ҷуз сухани шамъу шакар ҳеҷ магӯ.

Сухани ранҷ магӯ, ҷуз сухани ганҷ магӯ,

В-ар аз ин бехабарӣ ранҷ мабар, ҳеҷ магӯ.

Дӯш девона шудам, ишқ маро диду бигуфт:

«Омадам, наъра мазан, ҷома мадар, ҳеҷ магӯ».

Гуфтам: «Ай ишқ, ман аз чизи дигар метарсам».

Гуфт: «Он чизи дигар нест, дигар ҳеҷ магӯ.

Ман ба гӯши ту суханҳои ниҳон хоҳам гуфт,

Сар биҷунбон, ки бале, ҷуз ки ба сар ҳеҷ магӯ».

Қамаре ҷонсифате дар раҳи дил пайдо шуд,

Дар раҳи дил чӣ латиф аст сафар, ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: «Ай дил, чӣ маҳ аст ин?» Дил ишорат мекард,

Ки на андозаи туст ин, бигузар, ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: «Ин рӯй фаришта-ст, аҷаб ё башар аст?»

Гуфт: «Ин ғайри фаришта-сту башар, ҳеҷ магӯ».

Гуфтам: «Ин чист, бигӯ, зеру забар хоҳам шуд».

Гуфт: «Мебош чунин зеру забар, ҳеҷ магӯ.

Ай нишаста ту дар ин хонаи пурнақшу хаёл,

Хез, аз ин хона бирав, рахт бубар, ҳеҷ магӯ».

Гуфтам: «Ай дил, падарӣ кун, на ки ин васфи Худост?»

Гуфт: «Ин ҳаст, вале, ҷони падар, ҳеҷ магӯ!»


Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)

https://t.me/gazaltj
Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.

Ба бӯи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд,
Зи тоби ҷаъди мушкинаш чӣ хун афтод дар дилҳо.

Маро дар манзили ҷонон чӣ амну айш, чун ҳар дам
Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.

Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.

Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.

Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо.

Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳвӣ даиддунё ва аҳмилҳо.

Ало ё айюҳассоқӣ... Ҳофизи Шерозӣ

https://t.me/gazaltj
Ҳама халқи ҷаҳон, эй нури дида,
Худо аз нури Аҳмад офарида.
Зи ашё халқ шуд нураш муқаддам,
Зи нури Ӯ Худо афрӯхт ъолам.
Ба нураш карда Ҳақ қандил пайдо,
Дар он қандил ҳамчун шӯъла шуд ҷо.
Худои Қодир аз қудратнамоӣ,
Аз Ӯ пайдо намуд ин мосивоӣ .
Тамоми ъаршу курсию қаламро,
Чунон лавҳи ъазими мӯҳтарамро.
Биҳишту дузаху сабъа фалакро,
Замину осмон ҷамъи малакро.
Маҳу хуршеду кавкабҳои тобон,
Шамолу раъду ҳам барқу чароғон.
Ҳама деву парию одамизод,
Ҳама ваҳшу туюру ҷумла бунёд.
Зи нури Аҳмадӣ омад ба эҷод,
Ҳамин аст эътиқоди аҳли иршод.
Ҳамон рӯзе, ки дар одам дамид дам,
Бидид андар қафояш нури Хотам.
Бигуфто: "Кист ё Раб дар қафоям,
Намесозад ҷудоӣ аз вафоям?".
Худо гуфташ: "Ки нури Мустафоӣ ,
Надорад ъумрҳо аз ту ҷудоӣ .
Ба ту фарзанд, бо Мо Ӯ Ҳабиб аст,
Ба дарди уммати ъосӣ табиб аст".
Бигуфт: " Ё Раб ба ман бинмой нураш,
Ба чашми сар бубинам бо ҳузӯраш". Худо овард аз пас, байни абрӯ ,
Дурахшон чун кавокиб шӯълаи Ӯ .
Худо фармуд бо Ризвони ҷаннат,
Биёр оина Одамро ба талъат,
Зи ҷаннат дод оина ба Одам,
Ба он оина дидӣ нури Хотам.
Ки шуд Ӯ ошиқи нури Муҳаммад,
Дурӯдҳо бар равонаш бод беҳад.

https://t.me/gazaltj