Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
1.53K subscribers
215 photos
5 videos
164 links
Сарояндаи зиндаёде, ки сурудҳояш дар дили мухлисонаш абадан ҷой гирифтааст.
Download Telegram
Дар ғами дунё ба дунёбехабар бовар макун,
Эй сафарнодида ту бар навсафар бовар макун.

Дӯст бар сайри ҷаҳон хонад агар, бо ҷон бирав,
Душманат гӯяд баро то пушти дар, бовар макун.

То нарезад заҳр аз дандони мори куштаат,
Боз ҳам ҳушёр бош, аз ин зафар бовар макун.

Чун гувоҳи марги Сӯҳроб аст шамшери падар,
Дар набарди зиндагонӣ бар падар бовар макун.

Гар ба чашми дил набинӣ покии виҷдони кас,
Ҳеҷ гаҳ бар заррабини чашми сар бовар макун.

Тифлакон хобанд дар гаҳвораҳои чӯби бед,
Бедро гӯянд нахли бесамар, бовар макун.

Саидҷон Ҳакимзода

Дар ғами дунё ба ДУНЁБЕХАБАР...

https://t.me/gazaltj
Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.

Ба бӯи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд,
Зи тоби ҷаъди мушкинаш чӣ хун афтод дар дилҳо.

Маро дар манзили ҷонон чӣ амну айш, чун ҳар дам
Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.

Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.

Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.

Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо.

Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳвӣ даиддунё ва аҳмилҳо.

Ало ё айюҳассоқӣ... Ҳофизи Шерозӣ

https://t.me/gazaltj