Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
1.51K subscribers
211 photos
5 videos
162 links
Сарояндаи зиндаёде, ки сурудҳояш дар дили мухлисонаш абадан ҷой гирифтааст.
Download Telegram
Матлаби дилро талаб аз суйи Худо кун.
Сангеву гиёҳе, ки дар он хосияте ҳаст,
Аз одаме беҳ, ки дар он манфияте нест.
Роҳи адаб ин аст, ки Қуръон бар ту омӯхт,
Гар гӯш бидорӣ, беҳ аз ин тарбияте нест!
Шайх Саъдии Шерозӣ

https://t.me/gazaltj
Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ҳамон як лаҳзаи аввал,
Ки аввал зулмро медидам аз махлуқи бевиҷдон,
Ҷаҳонро бо ҳама зебоию зиштӣ,
Ба рӯйи якдигар вайрона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки дар ҳамсояи садҳо гурусна, чанд базме гарми айшу нуш медидам,
Нахустин наъраи мастонаро хомӯш он дам, бар лаби паймона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки медидам яке урёну ларзон, дигаре пӯшида аз сад ҷомаи рангин
Замину осмонро
Вожгун, мастона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
На тоат мепазируфтам,
На гӯш аз баҳри истиғфори ин бедодгарҳо тез карда,
Пора-пора дар кафи зоҳиднамоён,
Сабҳаи сад дона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Барои хотири танҳо яке Маҷнуни саҳрогарди бесомон,
Ҳазорон Лайлии нозофаринро кӯ ба кӯ,
Овораву девона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ба гирди шамъи сӯзони дили ушшоқи саргардон,
Саропойи вуҷуди бевофо маъшуқро парвона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ба Арши Кибриёӣ бо ҳама сабри худоӣ,
То ки медидам азизи нобаҷое ноз бар як нораво гардида хорӣ мефурӯшад,
Гардиши ин чархро
Воруна бесаброна мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Агар ман ҷойи Ӯ будам.
Ки медидам мушаваш орифу омӣ зи барқи фитнаи ин илми оламсӯзи мардумкуш,
Ба ҷуз андешаи ишқу вафо, маъдуми ҳар фикре,
Дар ин дунёи пурафсона мекардам.

Аҷаб сабре Худо дорад!
Чиро ман ҷойи Ӯ бошам?!
Ҳамин беҳтар, ки Ӯ худ ҷойи худ биншаставу
Тоби тамошои тамоми зишткориҳои ин махлуқро дорад!
Вагарна, ман баҷойи Ӯ чу будам,
Якнафас кай одилона созише
Бо ҷоҳилу фарзона мекардам.
Аҷаб сабре Худо дорад!
Аҷаб сабре Худо дорад!
©  РАҲИМ МУЪИНИИ КИРМОНШОҲӢ

https://t.me/gazaltj